ҶДММ "БУНЁДКОР Т"

Кафолати сифат
Маҳсулот барои сохтмони шумо
09:00 - 17:00
Душанбе, Шохмансур

Маҳсулотҳои мо

Тахтасанги болопӯши дарунхолӣ ПК

Новаи оҳану бетонӣ ЛК

Новаи бетонӣ Л

Тахтаи болопӯши новаҳо ПП

Ҳалқаи чоҳи оҳану бетонӣ КС

Тахтаи болопӯши ҳалқаҳои чоҳ КЦП

Тахтаи болопӯши ҳалқаҳои чоҳ КЦП

ЖБ панели П5 В4

Блок N51

Фундамент Ф 4-4

ЖБ балки Б1-18-4-4

Бетони дараҷаи В15-35

Барои маълумоти бештар ба мо занг занед!

Дар бораи "БУНЁДКОР Т"

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди (ҶДММ) “Бунёдкор Т”, воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, деҳоти Россия, деҳаи Фалакон соли 1996 дар заминаи корхонаи оҳану бетонии №2 Вазорати сохтмони хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Иқтидори ҳамвақтаи ин коргоҳ солҳои аввал хеле сатҳӣ буда, дар як сол то ҳазор куб маҳсулот истеҳсол менамуд ва дар маҷмӯъ 10-12 нафар коргар дошт.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ, аз қабили гузаронидани корҳои сохтмонию азнавсозӣ, кушодани хатҳои истеҳсолии маҳсулоти нав, сохта ба истифода додани кони истеҳсоли қуму шағал, дар ин замина таъсис ёфтани як қатор сехҳои коркарди оҳану бетон, ҳамзамон таҷҳизонидани ин сехҳо бо дастгоҳҳои навтарини ҳозиразамон, имконияти пайдо шудани ҷойҳои кории нав, таъсиси хоҷагиҳои ёрирасон ва дигар чораҷӯиҳо иқтидори корхона ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам миқдор сол то сол вусъат ёфт. Дастгоҳи коркарди маҳсулот аз Россия, Хитой, Эрон, Ӯзбекистон ва Британия Кабир харидорӣ шудаанд.
Айни замон корхонаи “Бунёдкор Т” дар давоми сол 10 ҳазор метри кубӣ (10000 м3) маҳсулоти гуногуни оҳану бетонӣ истеҳсол намуда, пешкаши мизоҷон мегардонад. Номгӯи маҳсулоти истеҳсолӣ 20 намуд расонида шудааст, ки зиёда аз 50 нафар коргарон ин маҳсулотҳоро истеҳсол мекунанд.
Солҳои охир корхона фаъолияташро дар самти истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетонӣ, сохтмони биноҳои бисёрошёна ва иншоотҳои моҳияти стратегидошта ба роҳ монда, дар ин ҷабҳа харидорону муштариёни зиёде пайдо кард. Аз ҷумла, маҳсулоти корхонаи “Бунёдкор Т” дар сохтмони НБО Роғун, сохтмонҳои Нуробод ва дигар иншоотҳои азим қобили қабул буда, онҳоро харидорӣ менамоянд.
Корхона метавонад вобаста ба дархости мизоҷон маҳсулоти оҳану бетонӣ тайёр намуда, инчунин сохтмони биноҳои замонавии бисёрошёнаро ба уҳда гирад. Тарзи истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетонӣ дорои сифати баланд буда, ҷавобгӯи талаботи стандартӣ мебошад.
Корхона дар чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори Диплом, Ифтихорнома, Сипоснома ва дигар қадрдониҳо гардидааст.

Тамос ва суроға

  • Суроғаи мо

    ш. Душанбе,
    район Шохмансур
  • Реҷаи корӣ

    09:00-17:00
    (Душанбе - Ҷумъа)
  • Тамос

    +992 918 94 03 97
Мукофотхо